БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСЛОҲОТИ БОМАРОМИ ҲАМАИ ЗИНАҲОИ ТАҲСИЛОТИ СОҲАИ МАОРИФ ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ ҲХДТ МЕБОШАД!

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба масъалаи шиносоии номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони  маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилояти Хатлон ва  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар Кохи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрӣ бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Ҳамчунин дар мулоқоти мазкур номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  номзадҳо ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилояти Хатлон ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо интихобкунандагон шинос шуда, барномаи пешазинтихоботии худро ба мардум муаррифӣ карданд.

Нахуст мулоқоти мазкурро раиси комиссияи ҳавзаи №28-и  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  Қодиров Тағойбек кушода, қайд кард, ки Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон оид ба интихобот зикр намуданд, ки “Ба шумо-шаҳрвандони азизи мамлакат муроҷиат мекунам, ки ҳангоми баргузории интихоботи навбатӣ, аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ сар карда, то вакилони ҷамоатҳо бо дарки баланди масъулият  намояндагони арзандаи худро барои ояндаи давлату миллат интихоб намоед.” 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg