БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАВҚЕИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕАИ ИМРӮЗА БОЛОСТ

ҶАЙҲУН. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Хайробод»-и Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ бо интихобкунандагон  чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

Зимнан дар рафти чорабинии мазкур масъулин муфассал суханронӣ намуда, қайд карданд, ки нақши занону духтарон дар татбиқи сиёсати давлатиро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим арзёбӣ намуда, дар Паёмҳои ҳарсола ва дигар суханрониҳои барномавии худ вобаста ба масъалаи ҷалби занон ва духтарони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд, ҷиҳати афзоиш додани саҳми занон дар хизмати давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки рӯз ба рӯз зиёд гаштани сафи занҳо дар парлумони кишвар, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, молияю бонкдорӣ шаҳодати он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба занон эътимоди боварӣ дорад ва нақши онҳо дар ҷомеа баланд буда, дар рушди давлати соҳибистиқлоламон баробари мардон саҳми босазо гузошта метавонанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg