БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ БАРОИ ПЕШРАВИИ ИЛМУ ТЕХНИКА НАҚШИ МУҲИМ ДОРАД

ҶАЙҲУН. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паём ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Ҷомӣ” бо иштироки номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар аз ҳавзаи интихоботии Ҷайҳун №33 ва муовини раиси Кумитаи иҷроия бо интихобкунандагон суҳбату вохӯрӣ ва шиносоӣ бо номзад доир гардид.

Дар ҷараёни суҳбат оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025  ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ аз тарафи вакил ва шахсони масъули ҳизбӣ суханронӣ карда шуд.

Дар суханронӣ оид ба ироаи Паём қайд гардид, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ҳамаи самтҳоро дар бар гирифта, барои пешравии илму техника, маориф, соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, иқтисодиёт ва дигар самтҳо равона гардидааст. Дар охир номзад Шарофзода Гавҳар бо мардум дар бораи барномааш сухан гуфта,  ҳар як қисми онро шарҳу тавзеҳ дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg