
ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ваҳдат”-и ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон дар бораи муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, номзадҳои он ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ вобаста ба моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ андешаронӣ карда, қайд намуданд, ки ҲХДТ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар панҷ соли оянда дар доираи Барномаи худ, ки таҳкими амнияту оромӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шароити зиндагии шоистаи шаҳрвандонро аз ҳадафҳои олии худ медонад, амал мекунад. Дар охир байни сокинон ва кормандони ҳизбӣ суолу муколамма вобаста ба маъракаи муҳими сиёсии интихоботи парлумонӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ сурат гирифта, иштирокдорон аз вохӯрии судманд таассуроти нек бардоштанд.