БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ОЯНДАИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОН ОВОЗ МЕДИҲАМ

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон бо интихобкунандагони ташкилоти ибтидоии “Борбад”-и ҷамоати деҳоти Қизилқалъа оид ба муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, номзадҳои он ва шарҳу тавзеҳи Паёми навбатӣ  хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар мулоқот масъулин вобаста ба  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзадҳои он сухан гуфтаЁ иброз доштанд, ки ҲХДТ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар панҷ соли оянда дар доираи Барномаи худ, ки таҳкими амнияту оромӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шароити зиндагии шоистаи шаҳрвандонро аз ҳадафҳои олии худ медонад, амал мекунад.

Инчунин,дар ин раванд дар бораи Паёми навбатӣ андешаронӣ карда шуда, ҳамагон барои татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, ки он фарогири тамоми соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ мебошад, даъват карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg