БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТИ ҲИЗБИЁН БО СОКИНОН СУДМАНД БУД

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 -2025 масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилотҳои ибтидоии «Гулшан 1 ва 2”-и деҳаи Гулшани Ҷамоати деҳоти Гулшан хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Дар ҷамъомад масъулин иброз намуданд, ки ҲХДТ ба халқ такя кард ва бо роҳандозии барномаҳои мукаммал тавонист нерӯи тавонои халқро ба самти ободии Ватан сафарбар намояд. Дуруст аст, ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбии ҲХДТ тарғиби ғояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ ва таъмини суботу оромиро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. Зеро барои халқи Тоҷикистон дар он рӯзҳои вазнин аз ин арзишҳо дида чизе муҳимтар набуд ва имрӯз низ бо назардошти фазои мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти худро гум накардаанд. Ҳатто пойдории минбаъдаи Истиқлолияти давлатӣ, мавҷудияти миллат ва якпорчагии кишвар низ аз ин арзишҳо вобастагии амиқ доштанду доранд. Ҳизби мо ин арзишҳоро то имрӯз тарғиб карда истодааст. Зеро масъалаи ваҳдати миллӣ ва суботу оромӣ дар ҳар давру замон аз масъалаҳои аввалиндараҷа ва омили таҳкими Истиқлолияти давлатӣ боқӣ мемонад, бахусус дар шароити имрӯзаи басо мураккаби геополитикӣ.

Дар ин замина муваффақияти ҲХДТ аз он иборат аст, ки тавонист дар ҳама манотиқи кишвар халқро атрофи ғояҳои созандагиву бунёдкорӣ муттаҳид созад. Дар анҷоми мулоқот масъулин муаррифинома ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳавзаи интихоботии Фархор №34 шарҳ дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg