ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. вобаста ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ вохӯрии навбатии дар ташкилоти ибтидоии “Хонаи бачагони ятиму бепарастори Танобчӣ” баргузор гардид.
Дар мулоқот роҳбарияти Кумитаи иҷроия иброз намуд, ки соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 000 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. То ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад.
Ҳамзамон мавсуф иброз дошт, ки таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, нерӯи зеҳнии қишрҳои фаъоли ҷомеа, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини мо дар соҳаҳои илму маориф маҳсуб мегардад.