ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии “Ситораи Тобон” баргузор гардид.
Дар маҷлис роҳбарияти Кумитаи иҷроия иброз намуд, ки дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7% таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт.
Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд. Ҳамзамон мавсуф дар идома қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ буда, мутобиқи моддаи аввали Конститутсия, барои ҳар як инсон шароити арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад.