БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон-умед ба фардои дурахшони миллат

АНДЕША. Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти ҳукумати кишвар қарор дошт, зеро пас аз 6 моҳи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Парлумони кишвар Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул кард. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи ин неруи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Таваҷҷуҳи пайваста, ғамхориҳои хирадмандонаю дурандешона ва дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон рушди ин тамоюлро бозҳам болотар мебарад. Воқеанҳам ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд ва он ташаббусҳои созандае, ки аз ҷониби Сарвари давлатамон роҳандози мешавад дар татбиқи он пешоҳанг бошанд.

Баъд аз Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон мавқеи давлатро дар муносибат ба масоили ҳалталаби ҳаёти ҷавонон муайян намуда, гуфта буданд: «Роҳбарияти давлате, ки бештар аз ҳафтод дарсади аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳад, танҳо дар сурате соҳибнуфуз мешавад ва кораш пеш хоҳад рафт, ки ин неруи бузургу солим аз сиёсати он пуштибонӣ кунад». Маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2-юми феврали соли 1993 бо ҷавонон вохӯрӣ доир гашт ва минбаъд ин мулоқоту гуфтугӯҳо ба ҳукми анъана даромаданд. Суханронии Сарвари давлат 17-уми марти соли 1994 дар нахустанҷумани Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон, ки таҳлили васеъи вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии мамлакат ва пешомадҳои онро дар бар мегирифт, ба барномаи кору рӯзгори ҷавонон табдил ёфт. Маҳз дар ҳамин анҷуман Сарвари давлат ҷавононро неруи пешбар ва созанда номида, дар назди онҳо вазифа гузоштанд, ки фаъолияти хешро ба пойдории сулҳу субот дар кишвар ва якдигарфаҳмию ваҳдат, ободу сарсабз намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол равона созанд.

Дар ҷаҳони муосир ру овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Ҳамаи ин имкониятҳоро ба назар гирифта Сарвари давлат дар Паёми худ рӯзи 22.12.2016 ба Маҷлиси Олӣ чунин қайд намудаанд: бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад. Метавон ин ташаббуси навбатии Пешвои миллатамонро давоми мантиқии он ташаббусҳое, ки аз рӯзҳои аввали ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон дар сиёсати давлатии ҷавонон менамуданд, номид.

Соли ҷавонон иқдомест наҷибу созанда, зеро синни миёнаи аҳолӣ 24 солро дар бар мегираду қисмати бузурги аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар даврони Истиқлолият аз 13 ба 39 расидани шумораи муассисаҳои олии касбӣ ва даҳҳо маротиба афзудани шумораи донишҷӯён, сохтану таъмири зиёда аз 2,5 ҳазор муассисаҳои миёнаю умумии таълимӣ ва имконоти таҳсили зиёда аз 39 ҳазор донишҷӯён дар хориҷи мамлакат, бешубҳа аз хизматҳову раҳнамоиҳои Пешвои миллат дар самти стратегияи давлатии рушди нерӯи ҷавонон аст. Таъкиди махсус дар масъалаи рушди нерӯи инсонӣ ва ҷалб сохтани ҷавонон ба самти омӯзиши илмҳои бунёдиву техникӣ муҳимтарин нуктаҳое мебошад, ки Сарвари давлат дар аксарияти вохуриҳояшон таъкид менамоянд. Пешниҳоди ташкили маркази илмӣ-тадқиқотии иноватсионӣ баҳри фарогирии ҷавонони боистеъдоду эҷодкор дар самти ихтироъкорӣ ва кашфиёти илмҳои дақиқу техникӣ иқдоми дурандешона барои рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат садо дод иқдоми бениҳоят муҳим ва саривақтӣ аст. Дар воқеъҳам дастгирии олимони ҷавон ва ташаккул додани илми Ватанӣ – ғанигардонии қудрати давлат ва обрӯи он аст. Кашфи истеъдодҳо ва дастрасӣ ба захираи бепоёни нерӯи инсонӣ муассиртарин гомгузорист дар бунёди давлати индустриалӣ. Яке аз таъкидҳое, ки Ҷаноби Олӣ дар Паёми навбатии худ намуданд аз миқдор ба сифат боло бурдани нишондодҳои илму маориф ва омӯзиши илмҳои бунёдии риёзиёт, кимиё, физикаю технологияи иттилоотӣ, фарогирии пурраи ду-се забони хориҷии мутахассиси ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат ҷавобгӯ мебошад, ки ҳадафи асосист баҳри истифодаи оқилонаи сарватҳои бебаҳои кишвари маҳбубамон. Воқеанҳам имрӯзҳо Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад, зеро ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Чуноне аз бештари суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон огоҳем, ки мегӯянд: миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд. Мо аз олимони худ, бахусус аз олимони ҷавон умеди калон дорем, ки дар ояндаи наздик илмро дар асоси дастовардҳои инноватсионӣ ба истеҳсолоти ватанӣ васеъ татбиқ карда, бо ҳамин роҳ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзишманди хешро мегузоранд.

Дар ҳақиқат ҳам илм дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд. Имрӯзҳо чуноне ки огоҳем ҷавонони боистеъдод дар вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ кор ва фаъолияти пурсамар намуда истодаанд, ки дар пешрафту тараққиёти кишвар саҳм мегузоранд. Онҳо неруи азим ва ояндаи ҷомеа, ҳалқаи ногусастании пайванди наслҳои башар, рамзи ҳастии миллат ва имрӯзу фардои он буда, собитқадамона ба ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар ворид мегарданд, таъкид намуд Пешвои миллат дар Паёми худ санаи 22.12.2016 ба Маҷлиси Олӣ.

Бино ба иттилои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумораи ҷавонони то 35 – сола, ки хизматчии давлатӣ ҳастанд, 8525 нафарро ташкил медиҳад. Аз 5670 мансаби роҳбарикунанда 1345 адади онро ҷавонон ишғол мекунанд. Дар воқеъ ин рақамҳо аз он гувоҳи медиҳад, ки таваҷҷуҳи Ҳукумат ба ин қишр умедбахш аст.

Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 низ зарурати воқеии худро дорад. Имрӯз аз теъдоди умумии номзадҳои илми ҷумҳурӣ зиёда аз 13,3 дарсад то 35 - сола ва докторони илмро 1,2 дарсад ҷавонони синни то 35 - сола ташкил медиҳанд. Бо ин мақсад дар Паёми Сарвари давлат як силсила вазифаҳо ба миён гузошта шудаанд, ки иҷрои онҳо барои рушди илми кишвар, расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат бисёр муҳим буда ҳар як шахси масъулиятшиносу ватанпарвар вазифаҳои навбатии худ, равиши зиндагии худро дар нукоти он дида метавонад. Аммо чуноне равшан аст, илмро амал зинат мебахшад. Ҳанӯз дар замонҳои пешҳам шоирон ба таъкиду раҳнамоиҳо гуфтаанд:

Илмат ба амал чу ёр гардад,

Қадри ту яке ҳазор гардад.

Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо мо ҷавононро зарур аст, ки тамоми саъю талоши хешро ба илмомӯзӣ, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созем.

Эркин ФАЙЗУЛЛОЕВ, номзади илмҳои кимиё, дотсент раиси Шӯрои олимони ҷавони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Бознашр аз китоби “Ҷавонон – пайрави Эмомалӣ Раҳмон”

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg