БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СИЁСАТИ “ДАРҲОИ КУШОДА” АЗ ДАСТОВАРДҲОИ МУҲИММИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ ДОНИСТА МЕШАВАД

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии  навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  дар  ташкилоти ибтидоии “Иқбол”  баргузор  гардид. 

Зимни  мулоқот  роҳбарияти Кумитаи иҷроия иброз  намуд,  ки  имрӯзҳо  дар  соҳаи  нақлиёт  11  лоиҳаи  давлатии  сармоягузорӣ  ба  маблағи  умумии  беш  аз  8,5  миллиард  сомонӣ  татбиқ  шуда  истодааст. Соли  2020  лоиҳаҳои  таҷдид  ва  бунёди  қитъаи  Обигарм - Нурободи  шоҳроҳи  Ваҳдат - Қарамиқ  (яъне  Лахш)  ба  маблағи  3,5  миллиард  сомонӣ,  Қалъаи  Хумб -Ванҷ  бо  арзиши  лоиҳавии  2,2  миллиард  сомонӣ,  Ҳулбук - Темурмалик  ба  маблағи  200  миллион  сомонӣ  ва  сохтмони  пули  ҳафтуми  дарёи  Панҷ  миёни  Тоҷикистон  ва  Ҷумҳурии  Исломии  Афғонистон  дар  мавзеи  Кокул  бо  18  километр  роҳи  мошингард  ба  маблағи  70  миллион  сомонӣ  ва  дигар  лоиҳаҳо  оғоз  меёбанд.

Инчунин, дар идома гуфта шуд, ки  сиёсати  “дарҳои  кушода”  аз  дастовардҳои  муҳимми  Ҷумҳурии  Тоҷикистони  соҳибистиқлол  дониста  мешавад  ва  ҲХДТ  аз  идомаи  сиёсати  хориҷии  мутавозин  бо  кишварҳои  дунё,  созмонҳои  байналмилалию  минтақавӣ  ва  ниҳодҳои  байналмилалии  молиявӣ  истиқбол  мекунад.

      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg