ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб мутобиқи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ оид ба тарғиби муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб дар ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии Эмомалӣ Раҳмон” хониши сиёсӣ бо иштироки аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур роҳандозӣ намуданд.
Мавзӯи хониши сиёсӣ шарҳу тавзеҳ ва татбиқи амалии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон бобати омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллӣ андешаҳои худро баён карданд.