ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панљ бо мақсади тарғиби ҳадафҳои созандаи ҳизб, самтҳои афзалиятноки фаъолияти он ва роҳандозии қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ташкилоти ибтидоии “Деҳоти Намуна” вохӯрӣ доир намуданд.
Масъулин зимни баромадҳо оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ибрози андеша намуда, ҳамзамон бобати омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва Маљлисҳои маҳаллӣ андешаҳои худро баён карданд.