БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ДАСТУРАМАЛИ МУККАМАЛЕСТ АЗ ҲАДАФҲОИ ОЛИИ КИШВАР

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин, вобаста ба муаррифӣ намудани Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва иштирок дар маъракаи муҳимми сиёсӣ, яъне интихоботи парлумонӣ дар ташкилоти ибтидоии “Сари Гузар”-и Ҷамоати деҳоти Дӯконӣ бо сокинони деҳаи Сари Гузар вохӯрӣ баргузор гардид.

Сараввал масъулин оид ба Паёми Пешвои миллат суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки Паём дастурамали муккамалест аз ҳадафҳои олии кишвар, ба хотири зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди мамлакат. Тавре Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ қайд намуданд: “Ҳадаф аз стратегияву барномаҳои қабулшуда, ки ҷараёни татбиқи онҳо дар Паёми имрӯза таҳлилу баррасӣ гардид, инчунин, мақсади ниҳоии қонунҳои қабулкардаи парламент, фармону амрҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат аз он иборат аст, ки пешрафти давлат, ободии Ватан ва муҳимтар аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон таъмин карда шавад.”

Дар охир масъулин Барномаи пешазинтихоботии  ҲХДТ-ро дар миёни мардум муаррифӣ намуданд. Сокинони деҳа иброз доштанд, ки дар интихоботи дарпешистода фаъолона иштирок намуда, ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg