БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ПЕШРАВӢ ВА РУШДИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОН ОВОЗ МЕДИҲЕМ!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ҳудуди участкаҳои интихоботии ноҳияи Данғара дар ростои “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ” дар ташкилоти  ибтидоии деҳаи “Талхоб” вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Кумитаи иҷроия ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуда, оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. 

Дар идомаи суҳбат  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он  ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ шарҳу тавзеҳ  гардида, оид ба татбиқи аксияҳои ҳизбӣ, иштироки фаъолонаи аъзои ташкилотҳои ибтидоӣ ва  мусоидат, ҷиҳати ба таври шаффофу демократӣ баргузор гардидани маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода, дар назди ташкилотҳои ибтидоӣ вазифагузорҳо карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg