ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деӽоти ба номи “А. Рӯдакӣ” ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баргузор намуданд.
Дар баромад қайд гардид, ки яке аз нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат ба масъалаи дастгирии соҳибкорон бахшида шуда буд. Воқеан таи солҳои охир дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар саҳми соҳибкорон дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат бештар мегардад. Баҳри боз ҳам тақвияти ин раванд сарвари давлат пешниҳод карданд, ки соли 2019 300 рӯи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ амалӣ гардад. Бешубҳа ин омил барои ривоҷу равнақи густурдатарин соҳибкорӣ ва афзоиши ҳаҷми сармоягузориҳо ба иқтисодиёти кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.