Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии “ТИҶ Асадулло”-и Ҷамоати деҳоти Навобод вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни баромад масъулин қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи нерӯи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд. Рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи ҲХДТ- рушди Тоҷикистони сохибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсатӣ босубот мебошад. Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизб сарчашма гирифта, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба онҳо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарњангии кишвар муайян менамояд. Дар фарҷоми сухан қайд гардид, ки мо ҳама бояд дар ақидаи худ устувор бошем ва ба арзишҳои давлати демократӣ ва миллӣ арҷ гузорем.