Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба шарҳу тавзеи Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакат ва ташвиқу тарuиби Барномаи пешазинтихобии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Қизил-намуна”-и Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар баромад масъулини ҳизбӣ иброз доштанд, ки мувофиқи меъёрҳои Кониститутсия халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад ва онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ менамоянд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми декабри соли 2019 интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзи 1-уми марти соли 2020 тасдиқ шуда, шаҳрвандон метавонанд дар маъракаи муҳими сиёсии дар пешистода фаъолона иштирок намоянд.