БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ ОИНАИ ПУРҶИЛОЕСТ, КИ ДАР ОН ИМРӮЗУ ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН РАВШАН ТАҶАССУМ ЁФТААСТ!

АНДЕША. Ман ҳамчун як  фарди  солимақли кишвар  Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро   ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  омӯхта аз он як ҷаҳон олами маънӣ ба худ гирифтам.

Дар  Паёми  имсолаи сарвари давлат таъкид  намуданд, ки Тоҷикистони  азизи мо  дар  марҳилаи  навбатии  рушду  тарақкиёти  хеш барои  татбиқи  низомҳои  ҷаҳонии иқтисодӣ иқдом  менамоянд, ки  яке аз онҳо  гузаштан ба  низоми иқтисодиёти  рақамӣ ба  шумор  меравад. Пешвои  миллат  таҳкими заминаҳои  технологии  гузариш ба  ин  низомро  ба  таври  махсус таъкид  дошта, Ҳукумати  мамлакатро вазифадор  намуданд, ки  бо  мақсади  ҳарчи  зудтар ҷорӣ  кардани  технологияҳои  рақамӣ  дар  соҳаҳои  иқтисодиву  иҷтимоӣ, ки  дар Паёми соли  гузашта  таъкид  грдида  буд Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ ва дар  асоси  он Барномаи  миёнамуҳлати  рушди  иқтисодиёти  рақамиро  қабул  ва  амалӣ  созад. Чуноне, ки  Пешвои  миллат таъкид  доштанд,  мавриди  амал    қарор гирифтани  Консепсияи  иқтисодиёти  рақами ва  татбиқи  ҳадафмандонаи  муфид  хоҳад  буд, зеро  монбаъҳои  сунъи  ба  таври  комил аз  миён  рафта, “...Коррупссия  ба  унвони  яке  аз  монеаҳои ҷиддии рушди  босуботи  кишвар, ки  метавонад боиси  коҳиш  ёфтани эътибору обрӯи  давлат дар  арсаи  байналмилалӣ ва норизоии  шаҳрвандон аз  фаъолияти  сохтору мақомоти  давлатӣ  мегардад”, аз  миён  бардошта мешавад. Пешвои  миллат яке  аз муҳимтарин  омилҳои  расидан ба  ин  марҳилаи  муҳими  тарақкиёт    оид  ба  рушди иқтисодию  иҷтимоӣ, тавсеи  истеҳсолоти воридоткунанда ва  содироти, таъсиси  ҷойҳои  нави корӣ, ҷалби  сармояи  мустақими  дохилӣ ва хориҷӣ барои  тараққиёти  соҳаҳои афзалиятноки   иқтисод, хусусан саноату  энергетика, давоми  соли  2020  меҳвари  сиёсати  иқтисодии  давлату  Ҳукумати  ҷумҳурӣ  қарор  мегиранд. Дар  Паём  қайд  гардид, ки   соли  2019 дар  қиёс  ба  солҳои  пеш, соли  бобарору комёбиҳо номидан  арзанда  аст.  Сарвари  давлат  дар  Паёми  имсолаи  худ ба  некуаҳволии  мардум диққати  хоса  дода,  некуаҳволӣ  ва  солимии  шаҳрвандонро асоси  пешравии  ҷомеа  маънидод намуда, қайд намуданд, ки воридшавии маҳсулоти   пастсифати  ғизоӣ  ва доруворӣ  ба  кишвар  идома  дошта   барои  пешгирии  он  Ҳукумат  дар  соли  оянда  чораҳои  амалӣ  мендешад. 

Таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбати ҷавонон зиёд аст. Ҳамасола дар Паёмашон  роҳбари давлат оид ба ҷавонон низ сухан меронанд. Дар Паёми имсолаи худ Пешвои муаззамамон қайд карданд, ки: «Ҷавонон  мояи  ифтихор  ва  сарбаландии  Тоҷикистони  азиз  мебошад.  Мо  ба  ҷавонон  эътимоди  комил  дорем, дастгирии  самимонаи онҳоро  аз  сиёсати  пешгирифтаи  давлату  Ҳукумат қадрдонӣ  мекунем ва  нақши  арзандаашорнро  дар  ҳамаи  ҷанбҳаҳои  ҳаёти  кишвар  эҳсос  менамоем”. Аз  ҷавонони  кишвар барои  дастгирииашон  аз  сиёсати  давлату  Ҳукумат ва  хизмати  содиқонаашон  миннатдории  самими  изҳор  намуданд, ки  ин худ аз  боварии  Сарвари  давлат  аз насли  ҷавону  ояндасози кишварамон дарак  медиҳад.

   Дар  Паём  Сарвари  давлат  қайд  намуданд, ки  мо  дар   соҳаи  илму  маориф иқдомоти  ҷиддиро   роҳандози карда,  ислоҳот  ва  навсозиро  босуръат  пеш  бурда  истодаем.   Ба   вусъат додани раванди ихироъкорӣ, азхудкунии  техналогияҳои  инноватсионӣ ва  ҷорӣ  кардани  онҳо дар  истеҳсолот  ба олимони  кишвар  дастур  дода  шуд. Омузиши  илмҳои  муоссир  бо  мақсади   рушду  тафаккури  техникии  насли  наврас эълон  гардидани “Солҳои 2020-2040, Бистсолаи  омӯзиш ва рушди  фанҳои  табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзи  дар  соҳаи  илму  маориф” иқдоми  шоиста   аст, ки  Тоҷикистонро  чандин  зина  боло  хохад  бурд  ва  дар  бахши  илмҳои  дақиқ  чеҳараҳои   дурахшон арзи  ҳастӣ хоҳанд  кард.

Бо  мақсади  баланд  бардоштани  ҳисси  худшиносии  миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори  ватандорӣ ва  дар  руҳияи  инсонпарвари  тарбия  намудани  насли  навраси  ва  ба  китобхониву  мутоилаи  китоб  ҷалб  намудани  насли  наврасу  ҷавонон таваҷҷуҳи  хосса  зоҳир  карда  шуда,  Пешвои  миллат  тавонист, ки  бо  андешаву  хиради  воло калиди  ин  муаммои  мушкилро  пайдо  намояд.  Таҳти   сарпарастии  Президенти   мамлакат  озмуни  ҷумҳурияви  “Фуруғи  субҳи  доноӣ..” эълон  гардид, ки  шавқу  ҳавас  ва  мутоилаи  китоб саросари  кишварро  фаро  гирифт. Боиси хушнудист, ки  озмуни  “Фуруғи  субҳи  доноӣ..”  идома  ёфта  аз   тарбиягирандагони  муассисаҳои  томактабию,  миёнаи  умумӣ, таҳсилоти  миёнаю  Олии  касбӣ  ва  байни  калонсолон  барпо  мегарданд.

Бо  мақсади  равнақи  фарҳанг ва  истеъдодҳои   нав  таҳти  сарпарастии Президентамон озмуни ҷумҳуриявии  “Тоҷикистон-Ватани  азизи  ман”  ҳамасола  баргузор хоҳад  шуд. Харду озмуни  баландпоя ҳамасола  садҳо истеъдодҳои  наву нодирро  ошкор  хоҳанд кард.

Падидаи  дигари  ҷолиб он  аст, ки  бо  пешниҳоди  Президент  дар  тамоми  идораву  муассиса, вазорату корхонаҳо китобхонаҳо таъсис  дода  мешаванд  ва  имкон  медиҳад, ки китобҳое, ки  дар  анборҳои нашриёт  солҳои  сол  хобида дар  рафи ин китобхонаҳо  ҷой гиранду  мардум  аз  онҳо ғизои  маънавӣ  гиранд.   

Паёми  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  санади  муҳим, муайянкунанда ва батанзимдарорандаи  дурнамои  рушди устувору бомароми  сиёсӣ ва  иҷтимиву иқтисодии  мамлакт буда, муаррификунандаи  сиёсати  дохиливу хороиҷии  Тоҷикистони  соҳистиқлол, нақшаи  илман  асоснокшудаи  тараққиёти  соҳаҳои  гуногуни  хоҷагии  халқ ва  мақсаду  мароми  давлату  Ҳукумат,  инчунин  роҳҳои  расидан  ба  ҳадафҳои  Стратегӣ  дар  соли  2020 ва  солҳои  минбаъда маҳсуб  меёбад.

   Дар  Паём  қайд  гардид, ки  таъмини  амният дар  ҷомеаи  ҷаҳонӣ  дар  сархати  масъалаҳои  мубрами  рӯз  қарор  дорад. Ба  зуҳуроти  терроризм, хавфу  хатари  он  ба  суботу амнияти  курраи  замин, вазъи  ховари  миёна  бахусус  вазъи  Афғонистони  ҳамсоя  диқкати   аввалиндараҷа  дода  шуда,    хизматчиёни  ҳарбии  Қувваҳои  Мусаллаҳ, мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ   вазифадор гардиданд, ки  барои  ҳимояи  марзу  буми   давлати соҳибистиқлолиамон, ҳифзи  суботи  сиёсӣ ва  қонунияту  тартиботи  ҳуқуқи  омода  бошанд.

      Дар маҷмуъ Паёми  Президент оинаи  пурҷилоест, ки  дар  он  имрӯзу  фардои  Тоҷикистон равшан таҷассум  ёфта,  Ватани  моро ба  сӯи  ояндаи  дурахшон роҳнмои  мекунад.

   

Р. Муродов, мудири  шуъбаи  таблиғот, иттилоот

ва  таҳлилии  КИ  ҲХДТ  дар ноҳияи  Носири  Хусрав.                                   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg