АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тули фаъолияти 25-сола тавонист худро ҳамчун ҳизби созанда ва ҳизби ормонҳои халқ муаррифӣ намуда, дар кишвар ҷойгоҳу манзалати баландро касб намояд.
Дар он лаҳзаҳои воқеан ҳам душвор таъсис ёфтани чунин ҳизби мардумӣ муҳим ва саривақтӣ буд. Зеро мардуми парешонгаштаю сарсон ба ҳизбе, ки манфиатҳои халқро ҳимоя карда тавонад ва ҳамзамон, роҳбаре лозим буд, ки мардумро муттаҳид созад лозим буд. Инак, 25-сол сипари гашт ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар марҳилаи барои миллати тоҷик басо сахти таърихӣ ба майдони сиёсат омад, зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист халқро атрофи ғояҳои бузурги давлатсозии миллӣ муттаҳид намояд.
Яке аз пояҳои устувори давлатдории имрӯзаамон ҷавонон мебошанд, ки ба ояндаи некӣ кишвари азизамон боэътимод нигоҳ мекунанд ва барои расидан ба ҳадафҳои олии созанда саҳмгузорӣ менамоянд.
Аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш ҲХДТ нисбат ба мо ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, дар ҳама самтҳо ташаббусҳои созандаи ҷавононро дастгирӣ менамояд. Мо ҷавонон аз он ифтихор дорем, ки ҲХДТ ва роҳбарияти он нисбати ҷавонон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ карда, ҳар як амалу иқдомҳои наҷиби ин қишри ояндасозӣ миллатро ҷонибдорӣ менамоянд.
Дар ҳамин замина аз чунин дастгириҳои пайваста илҳом гирифта, ҷавонони имрӯзаи кишвар бо эҳсоси худогоҳиву хештаншиносии баланди ватандӯстӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои бунёдӣ дар партави ғояҳои наҷибу созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, дар баробари ҳамагуна таҳдиду ҳатарҳо ба фазои фарҳангию сиёсии ҷомеа, дар ҳифзу ҳимояи сулҳу субот якдилии мардуми шарифи Тоҷикистон қарор доранд.
Аз дигар масъалаҳое, ки ҲХДТ кӯшишу ғайрати худро ба он равона кардаанд, ин самти солим нигоҳ доштани фазои сиёсиву иҷтимоӣ дар маҳалҳо мебошад, то ки паҳншавии таъсири равияҳои гуногуни иртиҷоӣ ва ифротӣ пешгирӣ карда шавад. Дар ин раванд ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва назари воқеӣ ба рӯйдодҳои ҷомеаи кишвар ва ҷаҳон меҳвари асосии фаъолияти ҳизбиёни шаҳри Кӯлоб ташкил медиҳад. Яке аз самтҳои муҳимму муассири кори ҳизбӣ аз он иборат аст, ки фаъолони ҳизб ва умуман ташкилотҳои ҳамаи зинаҳои ҳизбӣ дастовардҳои солҳои охири мамлакат ва моҳияти сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукуматро ба оммаи васеи мардум фаҳмонида метавонанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз баъзе манотиқи оламро нобасомониҳо ва носозгориҳои зиёди сиёсиву иҷтимоӣ фарогир гаштаанд.
Мутаассифона, таъсири онҳо ба ҷомеаи мо низ расида истодааст. Маҳз, бо таъсири чунин гурӯҳҳои ифротӣ бархе аз ҷавонони мо низ дар ин гирдобҳои ҳалокатовар иштирок доранд, ки ин ба бунёди ҷомеаи навини мо хатари ҷиддиро эҷод мекунад. Ба назари мо барои аз ин варта баромадан дар шароити имрӯза аз ҳама муҳим ин боло бурдани маърифати фарҳангию сиёсии ҷомеа ва таҳрик додани ҷавонон ба самти илму маърифат аст, ки бовар дорам ҲХДТ аз уҳдаи ин масъулият баланд баромада метавонанд. Чунки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамагуна зуҳуроти таассуб, радикализм, терроризм ва ифротгароии хушунатомези диниву мазҳабиро маҳкум намуда, дар ин масъала фарҳанги таҳаммулгароӣ ва озодандеширо омили муҳимми худшиносии миллӣ меҳисобад.
Имрӯз вақти он расидааст, ки мо баҳри решакан намудани ин амали харобиовар тамоми донишу малака ва қуввату ғайрати доштаамонро баҳри бино намудани ҷомеаи солиму тавоно равона созем.
Вазифаи дигари муқаддаси мо дар шароити имрӯза аз он иборат аст, ки дар тарғиби ғояҳои созандаи ҳизб, ки аз дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машаъ мегиранд, мардумро ҳарчи бештар огоҳ намоем, онҳоро ба самти роҳи расидан ба фардои нек сафарбар созем. Тарғиби сиёсати Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, маънои тарғиби ғояҳои давлатдориро дорад. Зеро сиёсати Пешвои миллат, Роҳбари азизу муътабари ҲХДТ ифодагари манфиатҳои миллӣ ва омили пешбурди ҳаёти ҷамъиятӣ аст. Бо ҳамаи ин андешаю хулосаҳо боварии комил дорам, ки дар пешрафту шукуфонии Тоҷикистони азиз, ҳар як фарди ватандӯстӣ кишвар, хусусан, ҷавонон барои ояндаи дурахшон саҳми худро мегузоранд.
Мирзозода Хуршед – номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби ҲХДТ.