БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ҲАМЧУН ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ МАҲБУБИ ХАЛҚ ГАРДИДАСТ

АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби марҳалаи нави бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳизби даврони истиқлолият ё худ ҳизби зодаи истиқлолият мебошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти бонуфузи сиёсӣ бо диду назари нав ба саҳнаи сиёсат омад ва дар муддати начандон тӯлонӣ дар ҷомеа нуфузу ҷойгоҳи арзандаро соҳиб гашта, аз оғози таъсисёбии худ то имрӯз дар пешрафти кишвари азизамон нақши сазовор гузошта истодааст.

Ин аст, ки ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон бо ҳадафҳои сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ буда, барои татбиқи амалии нақшаву барномаҳо фазои мусоид фароҳам оварда  шудааст.  Ҳизби Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар давоми фаъолияти  худ дар фазои сиёсии кишвар мавқеъ ва мақоми шоистаро соҳиб шуда, ҳамчун ҳизби пешоҳанг маҳбуби халқ гардидаст.

 Эътибору нуфузи Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон   пайваста боло рафта, рушду нумӯи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаро бидуни он тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ин муваффақияту дастовардҳо албатта, натиҷаи талошу заҳматҳои раиси  муаззами Ҳизби Халқии  Демократии  Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда,  баҳри  пешрафту тараққиёти кишвари азизамон  пайваста  талош  меварзанд.

 Туфайли сиёсати муваффақонаи Пешвои миллат, раиси муаззами  Ҳизби Халқии  Демократии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ватани азизамон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои шоиста ноил шуд ва зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ овард.

Чи тавре Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии  ҳизб санаи 7 феврали январи соли 2019 қайд намудаанд, “Робитаи қави доштан бо халқ ва ифодакунандаи ормонҳои бисёрсолаи он будан ҷавҳари асосии фаъолияти  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил медиҳад”.

Яъне  кор бурдан дар байни омма, фаҳмонидан ва ҳимояи мавқеи сиёсӣ дар масъалаҳои сиёсати дохилию хориҷӣ ва ба ин роҳ таҳким бахшидан ба мавқеъ ва нуфузи  ҳизби сиёсӣ зарур аст. Муҳимтарин васила барои расидан ба ин мақсад ин истифодаи усулҳои пешқадами таблиғотӣ мебошад.  Пешбурди корҳои ҳизбӣ маҳз аз таблиғот вобастагии калон дорад.

Бо бовари метавон изҳор дошт, ки бо ташаббусҳои созанда ва барномаи муккамалӣ худ ҲХДТ ҳамчун ҳизби пешоҳанг маҳбуби халқ гардидааст. Мақсади аслиаш низ ин хизмат ба халқ ва ободии Ватан аст.

 

Исмоилзода Саидмурод – номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби ҲХДТ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg