
АНДЕША. Рӯзи 13 декабри соли 2019 ҳизбиёни кишвар бо ифтихору саодати бепоён 25-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар Анҷумани саодатофари 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бо ҳузури садри муаззами ҳизб ва беш аз ду ҳазор нафар вакилон дар маҷмуаи «Кохи Борбад» таҷлил намуданд. Шахсан барои ман, ки боҳайси вакил бори нахуст дар ин ҳамоиш иштирок варзидам, як ҷаҳон таассуроти нек гузошт, зеро барои ман шарафмандии бузург иттифоқ афтод, ки аз нутқи пурмуҳтавои Раиси муаззами ҳизб баҳравар гардам. Бори дигар ман шоҳиди он гаштам, ки роҳбари давлат ба ҳар масъалае, ки таваҷҷуҳ карданд, дар маркази диққаташон, пеш аз ҳама, инсон буд, тақдири инсон буд, фикру зикри беҳбудии зиндагии сокинони Тоҷикистон ва дар маҷмўъ тамоми инсоният буд.
Воқеан ҳам зуҳур кардани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар солҳои ҳассоси навадум кори оқилона ва тадбири инсонгароёна буд, ки бо ҳидояти сарвари давлат ба фазои сиёсии кишвар пайваст шуда, дар тули 25-соли фаъолияташ чун ҳизби маҳбуб ва дилошно дар ҷамъият мавқеъ ва нуфуз пайдо карда, сол то сол тарафдорону алоқамандонаш зиёд гардида истодааст.
Омили муҳаббату ихлос ба ин нерӯи қудратманд аз самимияти роҳбари давлат манша мегирад ва ин боис гардидааст, ки сафи аъзоёни ҳизб, махсусан пайравони Пешвои миллат, бештар аз 70 фисадаш имрӯзҳо ҷавонону бонувон мебошанд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки имрӯз сайёраи ҷаҳон ба нерӯ ва қудрати созандаи Пешвои муаззами тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарҷамъии миллати тоҷик баҳои баланд додаст, зеро ки ҳар дастоварди нодири кишвари соҳибистиқлоли мо аз сарҷамъӣ ва ваҳдату ягонагӣ мебошад.
Ба кор даровардани ду чархаи НБО-и «Роғун» азамату шаҳомати Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам афзӯн намуд. Мардуми кишвар хоса занону бонувон хуб дарк намудаанд, ки имрӯз мо 24 соат бо қувваи барқ таъмин ҳастем ва бояд аз ёд набарорем, солҳое буд, ки мо аз истифодаи қувви барқ танқисии зиёде мекашидем, дар як рӯз то 8 соат барқ мегирифтем. Имрӯз мардуми кишвар вазифа доранд, ки сиёсати Президенти кишварро дар самти истиқлолияти энергетикӣ ҳаматарафа дастгирӣ намуда, кӯшиш намоянд то барқро самаранок истифода намояд, зеро ки аз самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ояндаи Тоҷикистон вобастагӣ дорад.
Айни замон дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардидани ҳазорон километр роҳ, пул ва нақбҳо нишонаи пешравии давлати Тоҷикистон мебошад. Махсусан бунёди пули ҳафтуми Панҷи поён, яъне миёни давлати Тоҷикистон ва давлати ба дӯсти Афғонистонро қайд намудан зарур аст, ки баъди бунёди он равобити дӯстонаи ду миллати ҳамфарҳанг ба рушди соҳибкорӣ меафзояд, зеро ки беҳуда роҳро пайванди наслҳо нагуфтаанд.
Ногуфта намонад, ки дар шароити имрӯза дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он ташкилотҳои динии зиёд арзи вуҷуд доранд, ки бисёрии онҳо ғайриқонунӣ кору фаъолият менамоянд. Мақсади асосии бисёр аз ин ташкилотҳои динӣ аз он иборат аст, ки бо ҳар роҳу васила зиндагии тинҷу ороми мардумро халалдор намоянд. Роҳбарони ин ташкилотҳои ғайридавлатӣ кӯшиш менамоянд, ки бо ҳар роҳ ҷавононро фирефтаи пулу мол намуда, онҳоро ба ин ташкилотҳои ғайридавлатӣ шомил намоянд ва нақшаҳои аҳриманонаи худро ба воситаи ҳизбу ҳаракатҳои дохилӣ ба амал бароранд. Ин қувваҳои аҳриманӣ, ки дар ҷомеа амал менамоянд, иқтидори бузурги иттилоотӣ ҳастанд (иттилооте, ки тору пудаш найрангу дасисабозист), ки мамлакатҳои Афғонистону Ироқ, Лубнону Сурия, Мисру Яман ва дигар кишварҳои исломиро ба вартаи нобудшавӣ тела медиҳанд. Инро ҳама медонанд, вале боиси таассуф аст, ки ҳамеша як гурӯҳи кутоҳандеше ёфт мешавад, ки номуси худро ба зар фурухта, олоти зарини шӯрангезон мешаванд. Онҳо муқаддасотеро, ки чун имону виҷдон, ору номус ва нанги ватандорӣ эътироф мекунанд, бо баҳои ночиз мефурушанд. Барои онҳо «Гӯр сузаду дег ҷушад».
Кистанд ин аъзоёни гурӯҳҳои хиёнаткору худфуруш, ки ба хоҷагони хориҷии худ шароит фароҳам меоранд, то мағзи ҷавонони моро кулан тағйир дода, онҳоро ҳамчун қувваи идорашавандаи харобаовар ба доми найрангашон афтонанд.
Дар ин давраи ҳасоси пешазинтихоботи ҳамаи моро лозим меояд, ки зиракии сиёсии худро аз даст надода, ба суханҳои бардуруғи шахсони шубҳанок гуш надиҳем ва сиёсати пешгирифтаи сарвари муаззами давлати имрӯзаи Тоҷикистонро ҳаматарафа ҷонибдорӣ намоем.
Чӣ тавре, ки аз суханони сарвари давлат, Пешвои муаззами тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд:
«Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон–Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд».
Содиқова Манзарой Тағоймуродовна, номзади ҲХДТ ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон.