БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН РОҲНАМОИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД!

АНДЕША. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи кишвар дар даврони Истиқлолият марҳалаҳои пурпечутоби таърихи навини худро паси сар намуда, дар ин раванд бо мушкилотҳои зиёде рӯ ба рӯ гаштаанд. Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон суботи сиёсӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро иродаи озодии мардум дониста, барои пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояи Истиқлолият ва озодиро таҳким бахшида, барои пойдории сулҳу Ваҳдати миллӣ саъю  талош  менамояд.

Мақсади асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи мардум, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, фароҳам овардани заминаҳо барои таҳкими нерӯ ва қобилияти ҳар  як шаҳрванд мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ буда, мутобиқи моддаи аввали Конститутсия, барои ҳар як инсон  шароити  арзанда фароҳам  меорад. 

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон манфиатҳои кишварро болотар аз ҳама манфиатҳо дониста, ба ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи инсонро эҳтиром мекунад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нисбати соҳаи тандурустӣ бетаваҷуҳ набуда, ҷиҳати бозҳам беҳтар намудани дастрасӣ, сатҳу сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ талош меварзад. Бояд қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сиёсати худро нисбати занон ва дастгирӣ намудани онҳо дар ҷанбаҳои соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат баҳри ба кор таъмин намудан дастгирӣ менамояд. Дар Паёми имсолаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки дар парлумони имсола шумораи вакилон аз ҳисоби бонувон зиётар бошанд. Барои ҳамин мо дар якҷоягӣ сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, дар интихоботӣ дарпешистода ба тарафдории намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон райъи  худро дода,  ояндаи  5-солаи  халқу миллати худро  дурӯст бояд интихоб менамоем. Чунки ҳизби мазкур дар тинҷиву аммонии мамлакат ва осуда будани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешрафти мамлакат бисёрҳам саҳмгузор  буда, баҳри ободии Тоҷикистони  азизамон  талош  меварзад.

 

Ҳафизова Басонат, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Балҷувон аз ҳавзаи интихоботии  Сари Мазор №29.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg