БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ЧӢ МАН БА ҲХДТ ОВОЗ МЕДИҲАМ?

АНДЕША. Ҳизби Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  байни дигар аҳзоби сиёсӣ ҳамчун ҳизби  пешсаф, фаъол ва  ҳамқадами  даврони истиқлол шинохта шудаасту мардум ба ғояҳои созандаву  бунёдкоронаи  он эътимоди қавӣ  доранд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияташро  дар асоси  ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии  худ ба  роҳ  монда, дар  назди аъзои ҳизб  вазифа  гузошатааст, ки дар рушди иқтисодиёт, беҳбудии ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҳиссаи сазовор  дошта бошад.

  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  комилан сохтор ва  шеваи  фаъолияти ба худ  хосро дорост ва бо ҳамин важагиҳо дар миёни ҷомеа ба унвони бонуфузтарин ҳизби сиёсӣ шинохта  шудааст. Дар воқеъ, Барнома  ва Стратегияи давлат, меҳвар ва асоси фаъолияти ин ҳизб аст.

Неруи зеҳнии ҳизб бисёр бузург аст. Таркиби онро дар баробари қишрҳои дигари иҷтимоӣ, олимону зиёиёни пешқадми ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд. Зиёда аз ин, ҲХДТ таҷрибаи 25-солаи фаъолияти пурсамар дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайраро соҳиб мебошанд. Сифатнокии таркиби ҳизб ба самаранокии фаъолияти он мусоидат мекунад.

Ҳизби Халқии  Демократи Тоҷикистон имрӯз тамоми неруҳои солими ҷомеаро дар  сафҳои худ муттаҳид намуда, бо  мақсади  зина ба зина  баланд бардоштани некуаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи пешрафти шаклҳои гуногуни моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои  инсон таъсис дода шуда, барои дар амал татбиқ намудани ин ҳадаф фаъолият менамояд ва бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки ин ҳизби созанда ба як нерӯи тавонои сиёсӣ табдил ёфта дар ҳаёти мардуми тоҷик нақши арзанда дорад ва аз рӯйи эътибору иқтидор бо ҳизбҳои дигар муқоисанашаванда аст.

Мо ҳизбиён бояд, ки ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикисторо  ҷиҳати  афзун намудани  дастовардҳои  ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва таъмини рушди  устувори мамлакат, баланд бардоштани  сатҳу  сифати зиндагии мардуми  кишвар  ҳамчун  ҳадафи оллии давлату ҳукумат  роҳнамоӣ намоем.

Боварии комил дорем, ки мардуми  Тоҷикистон  бо дарки аниқи  масъулият  барои  фардои  дурахшони  кишварамон ба  ҲХДТ дар  овоз медиҳанд.

Ман аз  ҳар  фарди  ба ору номуси кишвари азизамон, ки  аъзои ҲХДТ мебошад ва  онҳоеро, ки  ҳар пораи  хоки  Ватан  барояашон азизу  муқаддас аст, даъват   менамоям, ки ҳамроҳи мо бошанд,  афкори  сиёсии  ҳизби  моро дастгирӣ  намоянд ва дар  пешрафти Тоҷикистони азизамон  ҳиссагузор бошанд. 

 

Ҳақназарзода Балхиё, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Балҷувон аз ҳавзаи интихоботии Некмардон №16.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg