АНДЕША. Имрӯзҳо Тоҷикистони азизамон дар остонаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии хеш қарор дошта, ба шарофати сиёсати роҳбари муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муосир пайдо намудааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавонист, ки дар муддати фаъолияташ ба бисёр дастовардҳои назарас ноил гардад. Аз ҷумла аз рӯзҳои аввали ташкилшавиаш мардуми шарафманди тоҷик онро бо як рӯҳияи баланду умедҳои калон тарафдорӣ ва қабул намуда, дар зери сиёсати хирадмандонаи роҳбари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардиданд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон лаҳзае ба майдон омад, ки кишвари азизамон Тоҷикистон дар вазъияти бениҳоят ногувори сиёсӣ қарор дошт. Алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ пура давлатро ба коми худ кашида буд. Маҳз ҳамин ҳизби созандаву комёб буд, ки як давлати ҷангзадаву харобшударо ба яке аз давлатҳои пешрафтаву дорои сулҳу суббот ва ободу зебо табдил дод.
Ҳамагон ба хуби медонем, ки имсол барои мардуми шарафманди тоҷик соли тантанаи ҷашнҳои миллию сиёсӣ аст. Аз ҷумла маъракаҳои муҳими сиёсии интихобот, 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашнҳои сиёсию фарҳангӣ буда, ҳамаи мо ҷавонон, аъзоёни ҲХДТ ва вакилонро месазад, ки бо масъулияти баланди ватандорию ватанпарастӣ созандагию бунёдкории ватанамон фаолият намоем.
Асоси фаолияти тарғиботии ҳизбиёни ноҳияи Балҷувонро раванди ба шаҳрвандон расонидани моҳияту аҳамияти Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии 29-соли даврони соҳибистиқлоли таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бар мегирад.
Умуман фаъолияти мунтазам ва масъулияти баланди касбии ҳизбиён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон имконият фароҳам оварданд, ки онҳо дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ дар Ватани азизамон Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Нигматулоева Дилноза, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Балҷувон аз ҳавзаи интихоботии Дашти Майдон №7.