
АНДЕША. Таҷрибаи кишварҳои мутараққии ҷаҳон нишон медиҳад, ки ҳизбу ҳаракатҳо барои ташаккулу такмили иродаи сиёсии ҷомеа фаъолият бурда, ормонҳои мардумро тавассути барномаҳои созандаи хеш амалӣ менамоянд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизбҳое ба ҳисоб меравад, ки пеш аз ҳама ва беш аз ҳама ба созандагиву бунёдкорӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва амалӣ сохтани орзуву ормонҳои мардуми кишвар машғул аст.
Дар шароити феълии мамлакат ҲХДТ яке аз ҳизбҳои пешсафу пешқадами кишварамон буда, он бо татбиқи барномаи худ ҳамеша талош дорад, ки якҷо бо мақомоти давлатӣ барои ҳалли мушкилоти ҷомеа тадбирҳои судманд ва саривақтӣ андешад.
25-сол аст, ки ҲХДТ бо азму талошҳои созанда барои халқ хизмат мекунад. Дар доираи барномаи худ ҲХДТ ҷиҳати рушди устувори иқтисодии кишвар талош намуда, пеш аз ҳама барои баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардум дар бунёди корхонаҳои азими саноатӣ саҳмгузорӣ менамояд, ки ин бешак ба таъсис додани ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.
Тавре медонем, самти асосии кори ҳар як ҳизби сиёсиро фаъолияти идеологӣ ва мафкурасозӣ ташкил медиҳад ва рисолати ҳизби сиёсӣ низ дар он ифода мегардад, ки то кадом андоза мардумро дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва пешрафту шукӯфоӣ раҳнамо мегардад. Дар маҷмуъ, амнияти идеологияи давлатӣ ва маънавиёти ҷомеа аз сатҳи идеологияи ҳизбҳои сиёсии он сахт вобастагӣ дорад.
Дар ин замина муваффақияти ҲХДТ аз он иборат аст, ки тавонист дар ҳама манотиқи кишвар халқро атрофи ғояҳои созандагиву бунёдкорӣ муттаҳид созад. Айни замон бо назардошти авзои нороми сиёсии ҷаҳон ва хуруҷи гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ҲХДТ сатҳи огоҳии ҷомеаро дар баробари ин хатарҳо баланд бардошта, шиддати таъсири ақидаҳои ифротиро миёни ҷомеа ба тадриҷ аз байн бурда истодаанд. Муваффақияти ҲХДТ дар ин самт аз он иборат аст, ки бо ташкили аксияву чорабиниҳо, истифодаи васеъ аз васоити ахбори омма, вохӯрии мустақим бо сокинон ва дигар тадбирҳо аз ифротӣ шудани ҷомеа ва дубора ба гирдоби нобасомониҳои солҳои навадум афтодани Тоҷикистон пешгирӣ намояд. Самти дигар, ин ташаккули афкори ҷомеа дар роҳи шинохти моҳияти давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад, ки дар ин росто бо тарғиби таърихи кӯҳан, қадршиносӣ аз шахсиятҳои бузурги миллат, эҳёи суннатҳои аждодӣ ва бедор гаштани ҳисси худшиносии миллӣ ҲХДТ нақши созгор дорад. Вобаста ба ин бо роҳандозии барномаҳои фарогири сиёсати дохиливу хориҷӣ ва якҷоя бо мардум пурра ва босифат иҷро намудани нақшаҳои худ ҲХДТ ба бовариву эътимоди халқ сазовор гардид, ки ин мақсади аслии ҳар як ҳизби сиёсист.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби халқ, дар хизмати халқ аст ва ҳамеша нерӯи худро баҳри ободии ин сарзамини аждодиамон равона месозад.
Назаров Ҳотамшо – номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби ҲХДТ