КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён мулоқоти номзад аз ҳавзаи якмандатии Кӯшониён №27, номзадҳо ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, номзадҳо ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён ва шахсони боэътимоди онҳо баргузор шуд.
Ҷамъомадро Абдусаломзода Мунаввар раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён кушода, оид ба ҳадафҳои созандаи ҳизб ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025 сухан карда, ҳозиринро барои ба таври шаффоф, озод ва демократӣ ташкил намудану гузаронидани интихобот ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ин маъракаи муҳими сиёсию тақдирсози кишвар даъват намуд.
Дар ин вохӯрӣ Пиров Аламшо шахси боэътимоди Шодиён Муҳаммад Султонзода номзад аз ҳавзаи якмандатии Кӯшониён №27 шарҳи ҳол ва кору фаъолияти номзади пешбаригардидаро ба мардум муаррифӣ намуд.
Инчунин, номзади ҲХДТ ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиён Муҳаммад Султонзода баромад намуд ва интихобкунандагон пешниҳодҳои худро доир ба масъалаҳои ҳалталаб баён доштанд.