КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯриҳои номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 - и ноҳияи Кӯшониён вохӯрии номзадҳои пешбаригардидаи ҲХДТ ва шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагон аз Ҷамоати деҳоти Заргар доир гардид.
Дар ҷамъомад рохбарияти Кумитаи иҷроия, Шодиён Муҳаммад Султонзода номзад аз ҳавзаи якмандатии Кӯшониён №27, Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ номзад ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи Кӯшониён №16, номзадҳо ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва шахсони боэътимоди онҳо ширкат варзиданд.
Зимни баромади худ масъулин қайд намуданд, ки ҲХДТ барои ривоҷи мафкураи давлатию ҷаҳонбинии илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи илму дониш, интизом, садоқат ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон, таҳаммулпазирӣ, касбият, салоҳиятнокӣ, инчунин татбиқи технологияҳои замонавӣ барои рушду нумўи кишвар пайваста талош меварзад. Ҳамзамон ҷамъомадагонро ҷиҳати иштироки фаъолона дар рӯзи интихобот ҳидоят намуданд.
Инчунин, аз ҷониби шахсони боэътимоди онҳо муаррифинома ва барномаи пешазинтихоботии номзадҳо муаррифӣ карда шуд.
Иштирокдорон суолу дархост ва пешниҳодҳои худро доир ба масъалаҳои мубрами рӯз баён дошта, ҷонибдории хешро аз номзадҳо баён карданд.