БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ ДУРУСТ БАҲРИ ОЯНДАИ ВАТАНИ МАҲБУБ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи баргузории вохӯриҳои номзадҳо аз ҲХДТ ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён дар  Ҷамоати шаҳракаи Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроия, Шодиён Муҳаммад Султонзода номзад аз ҳавзаи якмандатии Кӯшониён №27, номзадҳо ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, номзадҳо ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва зиёда аз 200  нафар интихобкунандагон иштирок намуданд, ки дар ин мулоқот аз ҷониби шахсони боэътимоди номзадҳо  муаррифинома ва барномаи пешазинтихоботии номзадҳо муаррифӣ карда шуд.

Номзадҳо зимни суханронӣ доир ба самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии худ ҳарф зада, нақшаҳои худро доир ба ободии диёр ва рӯзгори сокинон иброз доштанд.

Дар охир интихобкунандагон  суолу дархост ва пешниҳодҳои худро доир ба масъалаҳои мубрами рӯз баён дошта, ҷонибдории хешро аз номзадҳо баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg