БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИБОДАТ БА ҶУЗЪ ХИЗМАТИ ХАЛҚ НЕСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки васеи интихобкунандагон дар   ташкилоти ибтидоии “Лоҳутӣ”    вохӯрии  шахси боэътимоди номзад  ба вакилии  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҳавзаи  интихоботии Кӯлоб №37  Шарифҷон Ҳакимзода   бо сокинон  баргузор гардид.

Дар кори маҷлис намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва шахси боэътимоди номзад,  инчунин номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр  иштирок ва баромад намуданд.

Нахуст  масъулин қайд намуданд, ки  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд. Рисолат ва мазмуну моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ равона шудааст. Мо бар он бояд талош кунем, ки чорабинии  муҳимми сиёсии дар пешистода дар сатҳи баланди сиёсӣ  доир гардад. Дар идома шахсони боэътимоди номзад  тарҷумаи ҳол ва Барномаи пешазинтихоботии номзадҳоро ба аҳли нишаст шинос намуданд. Зикр шуд, ки номзадҳо ҳама аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб,ки ҳадафи асосиаш таъмини зиндагии шоиста ба мардум аст, саҳмгузор хоҳанд буд.
 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg