БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиёни лаънатӣ дунёву қиёматашонро барбод додаанд

ВОКУНИШ. Терроризм ва экстремизм на ба як кишвари алоҳида ва ё минтақаи муайян, балки ба тамоми сайёра ва бани башар таҳдид карда истодааст. Зеро барои ин қабил афрод хунрезиву қатлу куштор, даҳшатафканиву ҷудоиандозӣ, фитнагариву бо роҳҳои гуногун ба даст овардани манфиати муфт аз ҳама арзишҳо боло меистад. Қисме аз онҳо барои дарёфти паноҳгоҳи сиёсӣ дар Аврупо худашонро ақалияти ҷинсӣ ҳам муаррифӣ кардаанд.

Террористону ифротгароён иҷрои амалҳои разилонаву манфур ва ба вуҷуд овардани фазои носолими ҷомеаро ҳадаф қарор дода, аз ашки модарону бесаробонмонии ятимон, дар дами пирӣ ба ғам мубтало гардидани пирони хирад мисли аҳреман “лаззат” мебаранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутаассифона иддае аз нохалафон ҳузур доштанд, ки ба қадри сулҳу субот ва оромӣ нарасида, бар муқобили сохти конститутсионии кишвар садо баланд намуданд. Мардумро ба сӯи яъсу ноумедӣ ва гумроҳӣ даъват намуданд. Барои расидан ба амалҳои бешарафона ва манфури хеш иддае аз ноҷавонмардон дини мубини исломро ба худ ниқоб қарор доданд. Амалҳоеро бо ном марбут ба дини мубини ислом анҷом доданд, ки пурра ба дини ислом зид буд. Ин кирдори онҳо шаҳодати бадномкунии дин маҳсуб мешуд. Маҳз ҳамин гумроҳиву пастфитратии ин қабил афрод буд, ки номи мардуми тоҷикро дар назди ҷаҳониён ва мусалмонон паст задан хостанд. Ба сари мардуми тоҷик ҷангу хунрезӣ оварда, аз ҳамватану ҳаммиллатон дида хоҷагони хориҷии худ ва супоришҳои онҳоро боло донистанд. Ин нохалафон хеле ба мардум зулму ситами моддиву маънавӣ намуданд.

Саркардагон ва нухбагони ташкилоти экстремистӣ-терроритии ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон пас аз такрори амалҳои хиёнаткоронаву ифротгароёна боз аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар бахшида шуданд. Давлату Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин разилон ғамхорӣ намуда, гуноҳони онҳоро борҳо бахшид. Аммо шукри ин неъмат ва шукри ободии Ватан накарда, имрӯз ин нохалафон дур аз кишвар бар муқобили сулҳу ваҳдати ҷовидонии миллат садо баланд карда истодаанд.
Нафратовараш он аст, ки Кабирии разил ва гумроҳ чанд хоини боқимондаи худро пора-пора карда, дар доираи наҳзати наҳсаш зергуруҳҳо бо номи “Анҷуман озодандешони тоҷик” ва ё “Гуруҳи 24” ё ҷунбиши “Ислоҳот ва рушд” таъсис дода, боз ҳам мехоҳад доираи фаъолияти ғайриқонунии хешро таҳким ва афзун намояд.

Ҷавонон ва фарзандони миллати тоҷик ва кулли тоҷикзабонони дунё бояд дарк намоем, ки касе, ки ба наҳзат ҳамроҳ мешавад ва ё аз ин ташкилоти террористӣ пуштибонӣ мекунад, ояндаи босаодати худ, аҳлу пайвандон ва пасояндагонашро хоҳад сӯзонид. Наҳзатиёни лаънатӣ дунёву қиёматашонро барбод додаанд. Зеро наҳзат на бар асоси фармудаҳои дини мубини ислом, балки бар асоси муқаррарот ва фармудаҳои хоҷагон амал намудаасту наҳзатиён гумон мекунанд, ки Худованд кору рафтори пинҳониашонро намебинад.

Аз ин ҷост, ки наҳзат ва дигар гуруҳҳои ифротии зидди давлатдории навини миллӣ муқобили сулҳу субот буда, онҳоро метавон паразитҳои душмани сулҳу ваҳдат унвон кард. Моро зарур аст, ки ҳарчӣ бештар ҷавонон ва аҳли ҷомеаро аз ин тоифаи террористони бадандеш эмин ва ҳифз нигоҳ дорем.

Ф. Воҳидов, узви ҲХДТ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg