БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАРЗАНДОНРО ДАР РӮҲИЯИ ҲАРБӢ- ВАТАНДӮСТӢ ТАРБИЯ МЕНАМОЕМ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар муассисаи таълимии барои хонандагони  болаёқати шаҳри Кӯлоб чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии №9 Одилзода Дилбар, кормандони ҳизбӣ  ва раиси Кумитаи кор бо ҷанговарони башардӯст полковник   Ҳалимов Абдулло  ва иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллӣ ба таври зинда оғоз гардида, дар як сатҳи баланд  гузаронида шуд . Дар рафти суханронӣ  аз ҷониби ҳаваскорони муассисаи номбурда, саҳнаҳои тарбиявӣ ва намоишҳои ҳарбӣ ба ҳозирин пешкаш гардонида шуд. Дар қисмати фарҷоми вохӯрӣ ба омӯзгорони фаъоли ин даргоҳи маърифат ифтихорномаҳои фахрии таъсисдодаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб  супорида шуд

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg