КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Каёниён” вохӯрии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб, №37 Шарифҷон Ҳакимзода бо интихобкунандагон доир шуд.
Дар кори маҷлис номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб, №37 Ҳакимзода Шариф Саидович, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Ҳамидиён Орзу ва шахсони боэътимоди номзадҳо иштирок ва баромад намуданд
Баъди муаррифии номзадҳо аз ҷониби шахси боэътимоди номзад роҷеъ ба шарҳи ҳол ва фаъолияти пурсамари номзад иттилоъ дода шуда, ӯро ба ин мақом арзандаву шоиста ном бурданд. Дар раванди суҳбат ҳозирин аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки санаи 1-уми март дар ин маъракаи сиёсӣ фаъол бошанд ва ба арзандатарин номзадҳо ва ҳизби сиёсӣ овоз диҳанд.