БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ИФОДАИ ОЛИИ ҲОКИМИЯТИ ХАЛҚ АСТ!

КӮЛОБ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки васеи сокинон дар  ташкилоти ибтидоии “Дӯстӣ” бо иштироки  номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи  интихоботии  Кӯлоб, №37  Шарифҷон Ҳакимзода  мулоқот  баргузор  шуд.

Раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб,  номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Ҳамидиён Орзу чорабинро ҳусни ифтитоҳ бахшида, баён дошт, ки шурӯъ аз санаи 11-уми феврал вохӯриву мулоқотҳои номзад  аз ҲХДТ Шарифҷон Ҳакимзода бо сокинон сурат гирифта истодааст ва имрӯз имконият фароҳам омадааст, то ҳамчун интихобкунанда бо номзадҳо суҳбати рӯ ба рӯ дошта бошем.

Дар идома шахсони боэътимоди номзад  зиндагинома ва Барномаи пешазинтихоботии номзадҳоро бо аҳли нишаст шинос намуданд. Зикр шуд, ки номзадҳо  аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, амалигардонии  ҳадафҳои барномавии ҳизб саҳми худро хоҳанд гузошт.

Ҳамчунин иштирокдорон низ дар раванди суҳбат  фаъол буда, дархосту масъалаҳои  ҳалталабро  ба саъми  ҳозирин расониданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg