
ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии судманд бо иштироки интихобкунандагони деҳаҳои Парчасой, Анористон ва Санҷитаки Ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ номзадҳои ҲХДТ ва дигар ҳизбҳои сиёсӣ иштирок ва баромадҳо намуда, интихобкунандагонро бо Барномаҳои пешазинтихоботии хеш ошно сохтанд. Дар рафти вохӯрӣ қайд карда шуд, ки ҳар як вакил ва ё ҳизби сиёсӣ кӯшиш мекунад, ки дар интихобот ғолиб биёяд, ӯро, ки мардум вакили арзанда ва ғамхорӣ халқ интихоб менамояд.
Намояндагони ҳизбӣ интихобкунандагонро барои ширкати фаъолона дар интихобот, интихоби ояндаи босаодати миллат тавассути номзадҳояш даъват намуда, дархост карданд, ки дар маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолонаву оқилона ширкат варзанд.