БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТИ ДУРУСТ ОЯНДАИ БОСАОДАТИ МИЛЛАТ АСТ

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади тарғиби сиёсати ҳамаҷонибаи ҲХДТ ва номзадҳои ҲХДТ дар деҳаи Даштободи Ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон бо дастгирии Ситоди марказии ҲХДТ дар ноҳия  мулоқот баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулини Ситод оид ба самтҳои муҳими Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар давраи солҳои 2020-2025 андешаронӣ карда шуда, номзадҳои ҲХДТ-ро барои мардум муаррифӣ намуданд. Дар рафти ҷаласаи Ситод қайд гардид, ки мо бояд дар рафти маъракаи интихоботи навбатии вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлисҳои маҳаллӣ куллан омода бошем ва саъй намоем, ки беҳтаринҳо ва шахсони лоиқу арзанда вакили мардумӣ интихоб шуда, давоми панҷ соли вакилӣ хизмати халқу Ватанро содиқона адо намоянд. Дар вохӯрӣ номзадҳои ҲХДТ ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимзода Ситамурод, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед ва чор нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон ширкат намуда,  дар назди интихобкунандагон баромад карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg