ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо сокинони деҳаи Баӽористони ҷамоати деӽоти ба номи М. Вайсови ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми имсола ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин қайд карданд, ки Пешвои миллат дар Паёмашон аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал оварданд, ки дар риояи қонунҳои миллиамон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимиҶумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” боз ҳам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати қадимаи мост, риоя кунанд, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд.