
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии «Маркази Ситора» хониши сиёсӣ доир гардид.
Масъулин дар суҳбат иброз намуданд, ки дар партави сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табақаи ниёзманди ҷомеа ҳамеша таҳти ҳимоя ва сарпарастии давлат қарор доранд.
Чунончи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш таъкид намуданд, ки «Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷчуҳи хоса зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳоро амалӣ намуда истодаем».
Ҳар яки мо низ вазифадорем бо меҳру муҳаббати хоса ба нигоҳубину парасторӣ ва таълиму тарбияи маъюбону ятимон саҳмгузор бошем, то ҳар яки онҳо худро озод ҳис намуда, нерӯи зеҳниву ҷисмонии хешро барои татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва рушду ободии Ватани азизи худ сафарбар намоянд.