
БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба расонидани нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ дар ташкилоти ибтидоии “МНДЕС” баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа роҳбарияти Кумитаи иҷроия, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии № 4 Сафарова Латофат Саъдиевна иштирок дошта, дар бораи тарҷумаи ҳол ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии № 4 андешаронӣ карда шуд.
Сипас, роҳбарияти Кумитаи иҷроиядар бораи Паёми имсола ва Барномаи пешазинтиъхоботии ҲХДТ фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошта, аз ҳар як иштирокчии вохӯрӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва иштироки фаъолона дар интихоботи дарпешистода даъват ба амал овард.