БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ҳидояткунандаи сокинон ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ

Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи  Бакодараи  ҷамоати деҳоти  Лангардара бо бошандагони деҳаи мазкур вохӯрӣ суръат гирифт.

Дар ин вохӯрӣ муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Асақолов Алиҷон, сармуҳаррири нашрияи “Овози халқ”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Қурбонова Латофат  ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сунатуллоева Мавзуна иштирок ва суханронӣ намуданд.

Вохӯриро мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сунатуллоева Мавзуна кушода,  зимни баромад мавсуф вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  андешаронӣ намуд.

Дигар баромадкунандагон низ дар бораи  терроризму экстремизм, интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ва муборизаи муташаккил бар зидди чунин гурӯҳҳои тундгаро ва зуҳуротҳои номатлуби ҷомеа  ҳарф зада, ҷамъомадагонро  таъкид намуданд.  

Дар қисмати интиҳоии вохӯрӣ дар деҳаи мазкур ташкилоти ибтидоии бо номи  “Бакодара” таъсис дода шуда,  якчанд нафар барои шомил шудан ба сафи ҲХДТ ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ариза пешниҳод карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg