БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Литсензия» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи пешазинтихоботи ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимнан масъулин оид ба Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, қайд намуданд, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2020 муайян карданд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ яке аз сарчашмаҳои ташаккул ва инкишофи ҳаёти маънавӣ, зеҳнӣ ва дастуру раҳнамоӣ ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.