БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Литсейи тамоюли технологии шаҳри Бохтар бо иштироки интихобкунандагони маҳаллаҳои ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев ва Садриддин Айнӣ вохӯрии номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар аз ҳавзаи интихоботии №6 Саймуминов Аҳлиддин, шахси боэътимоди номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Гулаҳмадзода Манзура иштирок доштанд. Намояндагони ҳизбӣ зимни ибрози андеша дар бораи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ сухан ронда, таъкид карданд, ки Барномаи пешазинтихоботи ҲХДТ таҳти унвони “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” қабул гардида, аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизб сарчашма мегирад. Дар идома шахсони боэътимоди номзадҳо шарҳи ҳоли номзадҳо ва барномаҳои пешазинтихоботии онҳоро ба таври муфассал шарҳ доданд. Сипас, миёни иштирокдорон пурсишу посухҳо сурат гирифт.