БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ҲАМЕША ДАР ХИЗМАТИ ХАЛҚ АСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ташкилоти ибтидоии “С.Кароматулло”-и Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимини баромади худ номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз хавзаи интихоботии №31 Исматзода Саидшоҳ  иброз намуд, ки вазифаи мо ҳизбиён аз он иборат мебошад, ки шарҳу тавзеҳи онро дар миёни аҳолӣ ба таври густурда ба роҳ монда, халқро ҳамчун нерӯи бузурги пешбарандаву ободсоз барои анҷоми вазифаҳои муайяншуда сафарбар намоем. Дар Паёми Пешвои миллат дастовардҳои шоёни соҳаи маориф арзёбӣ гардида, барои дар оянда боз ҳам ривоҷу равнақ бахшидан ба ин соҳа дастуру ҳидоятҳои нек ироа гардид. Дар партави ин ҳама ғамхориҳо моро зарур аст, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Паёми Пешвои миллат ҳамаҷониба ҷаҳду талош намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg