БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИФЗИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТУ НАБОТОТ ВАЗИФАИ ҲАМАГОН АСТ!

Ш. ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ш. Шоҳин бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Мамнӯъгоҳи Даштиҷум»-и Ҷамоати деҳоти Саричашма   вохӯрӣ анҷом доданд.

Ташкилкунандагони вохӯрӣ қайд доштанд, ки ҳизби мо пешгирӣ аз вайрон гаштани мувозинати экологӣ ва тавсеа бахшидани шинонидани дарахтон ва васеъ намудани ҷангалзорҳо дар тамоми минтақаҳои мамлакат, мусоидат баҳри ҳифзи олами ҳайвоноту набототи Тоҷикистон ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати тақвияти маърифати экологии мардумро зарурӣ шуморида, баҳри амалӣ гардидани онҳо аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода мекунад.

Инчунин дар бораи маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода – Интихобот-2020, яъне интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ибрози назар намуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg