ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзадҳои он дар ташкилоти ибтидоии “Деҳаи Сомониён”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи мазкур бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуданд. Дар вохӯрӣ оид ба омодагӣ ба интихобот ва таъмини шаффофият низ суханронӣ намуданд.