БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ НОМЗАДҲОИ АРЗАНДА БА ХОТИРИ РУШДУ ОБОДӢ ВА СУЛҲУ СУБОТИ МАМЛАКАТ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шиносоии номзадҳо ба вакилӣ  бо интихобкунандагон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и Ҷамоати деҳоти   “50-солагии Тоҷикистон ”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  бо иштироки   роҳбарияти  Кумитаи иҷроия,   номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва  ноҳия мулоқот  баргузор гардид.

Инчунин, дар мулоқоти мазкур номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзадҳо ба вакилии маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилояти Хатлон ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар вохӯрӣ номзадҳо ба вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаҳои №16 Ҳалимов Муҳаммаддовуд, №17  Муминов Саидҷон, №18 Тиллоев Тағоймурод ва №19 Ниъмонов Шарофиддин, бо интихобкунандагон шинос шуда, барномаи пешазинтихоботии худро ба онҳо муаррифӣ карданд.

Дар суҳбат  қайд гардид, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон оид ба интихобот зикр намуданд, ки “Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва комиссияҳои интихоботӣ дар маҳалҳо уҳдадоранд, ки шахсияти номзадҳои пешбаришударо ҳаматарафа санҷида, мутобиқати онҳоро ба талаботи қонунгузорӣ ба таври ҷиддӣ баррасӣ кунанд.”  Ҳамчунин раиси комиссия иброз дошт, ки риояи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад ва суханронӣ намуд.

Ҳамзамон  масъулин ба ҳозирин  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ-ро барои солҳои 2020-2025 шинос карда,   мардумро  барои иштироки фаъолона доштан дар интихоботи дарпешистода   даъват намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg