БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ ДУРУСТ БАҲРИ АМАЛСОЗИИ ИҚДОМҲОИ СОЗАНДАИ ҲХДТ

 А.ҶОМӢ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилотҳои  ибтидоии  “Тоҷикистони Сурх”, “Гулобод”, “Шарифобод” ва “Зафаробод” -и  ҳудуди Ҷамоати деҳоти  Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ намояндагони ҳизбӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, расонидани  муҳтавои Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва эълон шудани  соли 2020 “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ”  суҳбату вохӯриҳои судманд доир карда шуд.

Зимни вохурї масъулин аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ёдовар шуда, оид ба масъалањои таъмини амнияти шахсӣ, ташаккули ҷомеаи устувори шаҳрвандӣ, фаъолияти зиддиконститутсионии ташкилот ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ, рушди ҷиноятҳои муташаккил, таъсири манфии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, суботи сиёсӣ, барангехтани низоъҳои миллию нажодӣ, таъсири манфӣ расонидан ба мафкураи ҷавонон,  ва баланд бардоштани сатҳи илму дониш ва садоқат ба мардуми Тоҷикистон намудан суханронӣ карданд.   Ҳамчунин дар рафти вохӯрӣ қайд гардид, ки Пешвои миллат дар  Паёми имсолаашон сохтмонро яке аз соҳаҳои муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум ёдовар шуда, бо мақсади беҳтар намудани фаъолият дар соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ ҳамчунин таъкид кард, ки ҳангоми бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои гуногуни санъати меъморӣ риоя гардад ва инчунин сокинонро ба маъракаи муҳимми сиёсӣ- интихоботи дарпешистода фаъолона ва ба таври шаффофу демократӣ баргузор намудан даъват карданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg