БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пеш аз бастани ақди никоҳ аз ташхиси тиббӣ гузаштан ҳатмист!

ҶАЙҲУН. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Истиқлол» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҷумагул Шомаҳмадова, мудири бахши давлатии Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия Майлинисо Ализода, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидов, раиси ташкилоти ибтидоии «Истиқлол» Ислом Нодиров ва раисони кумитаи маҳалла ва ташкилотҳои ибтидоии навтаъсиси маҳаллаҳои ҷамоати мазкур вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ Ҷумагул Шомаҳмадова  дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, дар фарҷом иброз намуд, ки танҳо мо ҳизбиён метавонем, ки аҳли маҳалро ба меҳандӯстӣ ва созандагию бунёдкорӣ тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷалб созем.

Ҳамчунин,  дар рафти баргузории вохӯрӣ Майлинисо  Ализода аз қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба никоҳи хешутаборӣ ва пеш аз бастани ақди никоҳ гузаштан аз муоинаи тиббӣ ҷиҳати пешгирии қонуншиканӣ суханронӣ намуда, ба раисони кумитаи маҳаллаҳо маслиҳатҳои муфид дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg