А. ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи баргузории аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем» бо саҳми аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарбияи хештаншиносию ватандӯстӣ як қатор амалҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ вусъат доранд.