Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Сангоба -2”-и участкаи интихоботии № 24 ноҳияи Носири Хусрав вохӯрии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони ноҳия бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Масъулин ба интихобкунандагон муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои онро шаҳру тавзеҳ дода, қайд намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва таъмини амнияту субот дар Ватани азизамон ба сифати як роҳнамо ва дастури мӯътамад хизмат хоҳад кард.
Ситоди пешазинтихоботии ноҳиявӣ номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи №24 Сардори шабакаҳои барқи ноҳияи Носири Хусрав Ҳусейнзода Гуломҷон Алҳам ро ба интихобкунандагон шинос намуданд. Номзад ба вакилӣ ба интихобкунандаго оид ба Барномаи пешазинтихоботии худ, ки аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ сарчашма гирифта, таҳия намудааст, ҳарф зада, нақшаҳои дар барномаи пешазинтихоботии худро пешниҳоди интихобкунандагон гардонид.