БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ҲХДТ ОВОЗ ДОДАН-БА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ХУД ОВОЗ МЕДИҲЕД!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти  бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар  ташкилоти ибтидоии “Деҳқонобод”-и ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ вобаста ба муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, номзадҳои он ва шарҳу тавзеҳи Паёми навбатӣ  хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар мулоқот мавсуф  дар назди ҳозирин бандҳои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзадҳои онро шарҳ дода, аз ҷумла, қайд намуд, ки ҲХДТ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар панҷ соли оянда дар доираи Барномаи худ, ки таҳкими амнияту оромӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шароити зиндагии шоистаи шаҳрвандонро аз ҳадафҳои олии худ медонад, амал мекунад.

Сипас, дар идомаи суҳбат  дар бораи  Паёми имсола ва маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ андешаронӣ карда шуда, ҷамъомадагон барои татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва иштироки  фаъолона дар рӯзи интихобот таҳти шиори  барои ояндаи дурахшони худ овоз медиҳед, раҳнамоӣ гардиданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg